шаффофӣ — [شفّافي] дурахшандагӣ, тобандагӣ; софӣ, зулолӣ, беғуборӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
акс — [عکس] а 1. шакл ва намуди чизе, ки дар рӯи чизҳои шаффоф ва ҷилодор дида мешавад; инъикос 2. сурати фотографӣ; акс гирифтан аксбардорӣ кардан, сурат гирифтан; нусха бардоштан; акс ёфтан инъикоси як чиз дар чизи дигар 3. муқобил, зид, мухолиф,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беғубор — [بي غبار] он чи гарде рӯи онро нагирифтааст, ё бо гарду ғуборе олудаву омехта нест, соф, шаффоф: осмони беғубор, оинаи беғубор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
булӯрвор — [بلوروار] монанди булӯр, ба мисли булӯр софу шаффоф; оби булӯрвор оби соф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
булӯрин — [بلورين] 1. аз булӯр сохташуда: қандили булӯрин, ҷоми булӯрин 2. маҷ. соф, шаффоф; дасти булӯрин дасти сап сафеду зебо ва нозук ( и маъшуқа) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
инъикос — [انعکاس] акс ёфтан, мунъакис гардидан, намудор шудани шакли чизе дар ҷисми шаффоф, об, оина ва ғ. ; инъикос ёфтан зоҳир шудани акси чизе дар чизи дигар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
каҳрабо — [کهربا] самғи ба санг мубаддалшудаи шаффоф ва нимшаффофи асосан зардранг, ки ба чарм суда ба коҳ наздик оранд, онро ба тарафи худ мекашад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
квартс — [کورتس] олм. маъд. яке аз маъданҳои кӯҳӣ, ки шаффоф ва нимшаффоф буда, дар саноати оптикӣ ва радиотехникӣ низ аз он истифода мебаранд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нимшаффоф — [نيم شفّاف] на он қадар шаффоф, шаффофияташ на ба дараҷаи пурра … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оинавор — [آئينه وار] чун оина, шаффоф ва дурахшон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ